Муҳоҷирон чаро даст ба ҷиноят мезананд?

Август 1, 2013 09:20

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Вақтҳои охир хусусан дар Санкт- Петербург, ки бо чашми худ рафта дидам, масъалаи дуздию ғоратгарӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд ба назар мерасад, сабабаш дар он аст, ки бештари ҷавонон мактаби миёнаро хатм намуда, бе омӯхтани ягон касб ё донистани ягон забон ба муҳоҷират мераванд, аз ин рӯ ба мушкилот дучор гардида, маҷбур мешаванд, то ба ягон ҷиноят даст зананд,- гуфт 31 июл зимни нишасти хабарӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода. -Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки сохторҳои марбутаро вазифадор намоем, то якҷо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар маҳаллаҳо, дар ҳар як оила кор кунанд, волидайн пеш аз он, ки фарзандашонро ба ягон кишвар равон мекунанд, бояд донанд, ки ӯ дар он ҷо бо чӣ кор машғул мешавад, афзуд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон. -Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷике, ки ба Федератсияи Русия мераванд, аз ҳуқуқу қонунҳои ин кишвар хабардор нестанд ва ин сабаби ба чиноят даст задани онҳо мегардад, илова намуд Зариф Ализода. Зариф Ализода гуфт, муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти иҷтимоӣ шудааст ва моро мебояд, бештар бо ҷомеа ҳамкорӣ кунем ва ин мушкилро ҳарчи тезтар бартараф созем.

Август 1, 2013 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш