Муаррифии афсарони алоқаи ҶИА дар Тоҷикистон

Август 27, 2013 11:30

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -26 августи соли 2013 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайати вазорат ба директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров намояндагони ваколатдори ВКД ҶИА, афсарони алоқаи навтаъйинро муаррифӣ намуд, ки онҳо дар асоси «Созишномаи байни мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон ва Тоҷикистон» ва инчунин баҳри амалӣ гардидани қарорҳои қабулшуда ҳангоми вохӯрии роҳбарияти мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар таъйин гаштаанд. Тарафҳо масъалаҳои ҳамкории якҷояи ду мақомотро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ намуданд. Мақсади асосии фаъолияти муштарак- ин пурзӯр намудани муқовимат дар таъмини амният дар ҳудудҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва татбиқи нақшаҳои якҷоя бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд.

Август 27, 2013 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш