Мулоқоти А. Ширинов бо ҳайати Шӯрои Бонки рушди АвруОсиё
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов 23 августи соли равон бо ҳайати кории Бонки Рушди АвруОсиё таҳти сарварии муовини Раиси Шӯрои бонки номбурда С.Шаталов, ки чанд рӯз пеш бо сафари хидматӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбати ҷолиб паҳлуҳои гуногуни ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди Бонки Рушди АвруОсиё ва Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонкии мамлакатро муҳокима карданд. Илова бар ин, мусоҳибон дар бораи фаъолияти Хазинаи зиддибуҳронии Бонки Рушди АвруОсиё, имкониятҳои ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкориҳо ва дастгирии низоми бонкии мамлакат машварат карданд. А.Ширинов ҳайати меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат ошно намуда, иброз дошт, ки барои зиёд кардани захираҳои қарзӣ ва дар сатҳи зарурӣ дастгирӣ намудани иқтисодиёти кишвар низоми бонкии ҷумҳурӣ ба дастгирии Хазинаи зиддибуҳронии Бонки Рушди АвруОсиё ниёз дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бирлашган Миллатлар Ташкилоти иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






