Мулоқоти Р. Раҳимов бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Урал

Август 27, 2013 15:02

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). –Тавре ки аз ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзи 26 августи соли равон вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳавзаи Урали Федератсияи Русия бо ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъиятҳо вохӯрд. Рамазон Раҳимов дар ҷараёни вохўрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ изҳор намуд, ки ин вохӯрӣ дар доираи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардида, ВКД Тоҷикистон дар мушовараи соли гузашта аз ҷониби Федератсияи Русия хоҳиш карда буд, ки ҷиҳати бо шароити будубош ва ҳаёту фаъолияти муҳоҷирон шиносо шудан мушовараи навбатӣ дар шаҳре доир гардад, ки дар он шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ намоянд. Вазири корҳои дохилӣ зимни вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид намуд, ки муҳоҷирон ба қонунҳои амалкунандаи ин кишвар, дину оин, урфу одат, ҷойҳои муқаддас ва арзишҳои олии ин мамлакат эҳтиром гузошта, фарҳангу тамаддуни баланди миллати тоҷикро нишон диҳанд.Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии ҷашни бузургу тақдирсоз- Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод намуд. Рамазон Раҳимов дар хотимаи мулоқот барои иштироки фаъолона ба ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори сипос карда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод. Рамазон Раҳимов як зумра роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзиро барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.Дар фарҷом ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Август 27, 2013 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш