Оташсузӣ дар хонаи истиқоматӣ ҷони соҳибхонаро рабуд
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Субҳи 21-уми августи соли равон бинои истиқоматии 4 ошёнаи кӯчаи Шамсӣ 6/1-и ноҳияи Синои пойтахт сӯхтор ба амал омада, дар пайи он соҳибхона фавтидааст.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додаст, бомдоди рӯзи 21-уми август ба Сарраёсати хадамоти давлатии оташхомушкунии ноҳия хабари оташсузӣ расидааст. Фавран ба ҷойи ҳодиса 2 адад мошинҳои сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Синои пойтахт ва хадамоти навбатдори Сарраёсати ХДО ВКД сафарбар карда шуд. Ҳангоми ба маҳали ҳодиса расидани оташнишонон тақрибан дар масоҳати 15 метри мураббаъ дар дохили ҳуҷраи №23, воқеъ дар ошёнаи якум, молу ашёҳоро оташ фаро гирифта, дуди ғализи он башиддат ба атроф паҳн мегаштааст. Оташнишонон фавран дари оҳанини ҳуҷраро шикаста, барои хомӯш намудани сӯхтор вориди он гаштаанд.Маълум гашт, ки дар ҷойи ҳодиса соҳибхона Михаил Новичкови 70-сола, маъюби гуруҳи 2, ки танҳо зиндагӣ мекард, дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ғализ ба ҳалокат расидааст. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ оташнишонон ба зудӣ роҳҳои паҳншавии сӯхторро пешгирӣ намуда, онро пурра хомӯш намуданд.Мувофиқи иттилои коршиносони соҳа яке аз фарзияҳои ҳодисаи рухдода- ин кашидани сигор дар ҷойгаҳи хоб аз тарафи соҳибхона мебошад. Нисбат ба ҳодисаи ба амал омада, тафтишот давом дорад. Сабаби аслӣ, гунаҳгор ва зарар муайян карда мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






