Озмун ба Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳии табиии кӯдакон

Август 9, 2013 14:53

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бахшида ба «Даҳаи умумиҷаҳонии ғизодиҳии табиии кӯдакон», ки ҳамасола аз 1 то 10-уми август баргузор мегардад, дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон байни кормандони шуъбаҳои ин муассиса озмун баргузор гардид. Тавре ки муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон Сурайё Назарова хабар дод, «Барои мо ҷашнгирии даҳаи синамакконӣ ба ҳукми анъана даромада, аз соли 2001 инҷониб ҳар сол мо ба ин муносибат чорабиниву озмун ва викторинаҳо баргузор менамоем, зеро шири модар барои кӯдакон беҳтарин ғизо ба шумор рафта, саломатии онҳоро аз сирояту бемориҳо ҳифз менамояд. Пажуҳишгоҳи мо яке аз аввалин муассисаҳоест, ки сертификати «Муносибати некбинона нисбат ба атфол»-и Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-ро соҳиб гаштааст», — илова кард ӯ.Дар озмун 8 шуъбаи пажуҳишгоҳ аз рӯи чор шарт байни ҳам мусобиқа карданд. Дар байни онҳо шуъбаи таваллуд аз ҳама фаъолтар буда, ҷои аввалро соҳиб шуд.

Август 9, 2013 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш