Роҳи нави замонавӣ ба Қалъаи Ҳисор

Август 14, 2013 15:42

Ҳисор,14 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Имрӯз корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард ба самти Қалъаи Ҳисор расман оғоз ёфт. Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ин муносибат доир гардид, мутахассисони тоҷикистонию чинӣ, мӯйсафедон ва фаъолони ноҳия ҳузур доштанд. Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов аз ободкорию созандагӣ бахшида ба 3000- солагии Ҳисор ёдовар шуд ва иттилоъ дод, ки ба ин муносибат зиёда аз 20 километр роҳҳои дохилии ноҳия ҳам ба таври замонавӣ обод хоҳад шуд. Роҳи мошингарди мазкур аз гардиши Ҳисор то Қалъаи Ҳисор зиёда аз ҳашт километр буда, бо паҳноии зиёда аз 25 метр сохта хоҳад шуд.

Август 14, 2013 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш