Шаҳрванди ҶИА дастгир шуд

Август 2, 2013 11:54

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо миқдори калони маводи нашъадор дастгир намуда, дар натиҷа фаъолияти ҷинояткори нашъаҷаллобро қатъ карданд. Тавре ки аз агентии мазкур хабар медиҳанд, ҳафтаи гузашта кормандони фаврии раёсатҳои АНМН дар ВМКБ ва шуъбаи байниминтақавии гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоби РАНМН дар вилояти Хатлон дар ҳудуди мавзеи Назар-айвони ноҳияи Шӯрообод як амалиёти махсус гузаронида, дар натиҷа шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Ба иттилои манбаъ, аз дастгиршуда як борхалтаи полиэтиленӣ ёфт ва мусодира намуданд, ки дар дохилаш маводи растанимонанди сабзранги бӯи махсус дошта пинҳон шуда буд. Мутобиқи маълумотномаи озмоишгоҳи ташхиси судии АНМН маводи мухаддири мусодирагардида навъи бангдонаи хушккарда буда, вазни он 15 кг 100 граммро ташкил дод. Аз рӯи ҳодисаи мазкур шуъбаи тафтишотии АНМН парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дастгиршударо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии агентӣ ворид намудаанд. Ҳоло барои муайян кардани шахсони дигари ба ин ҷиноят ҳамроҳ, аз ҷониби кормандони АНМН чорабиниҳои фаврию-тафтишотӣ гузаронида мешаванд, хабар дод манбаъ.

Август 2, 2013 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш