Татбиқи барномаи миллии иммунопрофилактикӣ дар Муъминобод

Август 12, 2013 10:30

Муъминобод, 12 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов)-.Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Муъминобод тибқи «Барномаи миллиии иммунопрофилактика дар ҶТ барои солҳои 2011-2015» амал карда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҳамкорӣ бо менеҷери КАТС-и ноҳия корҳои назаррасро ба анҷом расонид.  Ба иттилои директори марказ Зебонисо Соҳибова барои пешгирии бемориҳои зардпарвин, кабудсулфа, гулӯзиндонак, сурхча, фалаҷ ва дигар бемориҳои сироятӣ дар 38 муассисаи тиббӣ ба кӯдакони аз 5 то 17- сола бар зидди бемориҳои сироятӣ эм гузаронида шуд. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ, маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва ЮНИСЕФ яхдон, доруворӣ ва дигар таҷҳизоти лозимӣ ба марказ ворид карда шуд, ки ин барои беҳтар гардидани шароити иммунопрофилактикӣ мусоидат менамояд.

Август 12, 2013 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш