Тоҷикистону Тайланд гуруҳи байнипарлумонӣ таъсис хоҳанд дод

Август 20, 2013 10:54

Душанбе, 20 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Тайланд дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Йинглак Шинаватра, Сарвазири Тайланд дар Душанбе матраҳ гардид. Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар арсаҳои мухталифро аз масъалаҳои муҳими мулоқот арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳарду ҷумҳурӣ шароити мусоид ва фазои муносиб барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байниякдигариро ба вуҷуд овардаанд. Шукурҷон Зуҳуров сатҳи равобити Тоҷикистон ва Тайландро қанотбахш арзёбӣ намуда,гуфт, ки ҳарду ҷониб бояд барои тақвияти муносиботи тарафайн ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сайъ намоянд. Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба меҳмони олиқадр доир ба фаъолияти Парлумони Тоҷикистон маълумоти мукаммал дод. Мавсуф ҳамзамон ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Тайландро омили аслии рушди дигар соҳаҳо унвон карда, изҳор дошт, ки сафарҳои мақомоти олирутбаи Тоҷикистон ба Тайланд ва дар ин замина боздиди ҳайатҳои расмии Тайланд аз Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи дуҷонибаи Душанбе ва Бангкок ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Тайланд таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ҳарду кишвар низ аз боздиди ҳайатҳои расмӣ ба мамлакатҳои якдигар сарчашма мегиранд. Дар ин замина таъсиси гуруҳҳои дӯстии парлумонии ҳарду кишвар танҳо ба манфиати кор аст, афзуд Ш. Зуҳуров.  Дар мулоқот ҳамзамон соири масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Август 20, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш