Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Август 21, 2013 11:17

Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). – Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба манзури шиносоӣ бо шароити зисту меҳнати муҷирони меҳнатии ҶТ аз як қатор иншоотҳои сохтмонии шаҳрҳои Анапа ва Новороссийск дидор намуданд. Масалан, корманди Хадамоти муҳоҷират Нусратулло Исматов дар иншооте, ки дар он 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд, бо роҳбари гурӯҳи муҳоҷирон Ғайратҷон Сангинбоев ва худи муҳоҷирони меҳнатӣ перомуни шароити зисту фаъолият ҳамчун музди меҳнаташон сӯҳбат намуд. Маълум шуд, ки музди меҳнати ҳармоҳаи муҳоҷирон 25 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ва ба мавқеи иҷро расидани Қонуни федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи «Оид ба тартиби баромад аз Федератсияи Русия» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Август 21, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш