Вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо И. Бокова
Душанбе, 21 август (АМИТ «Ховар»).- 20 августи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳо, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон омадаанд, як силсила вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Аз ҷумла, вохӯрии вазир бо дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, ки аввалин бор бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба вуқуъ пайваст. Дабири кулли ЮНЕСКО ба аҳамияти баргузории конфронси мазкур, инчунин ташаббусҳо ва кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои об баҳои баланд дод. Ирина Бокова ҷониби Тоҷикистонро бо ворид шудани Боғи миллии “Куҳҳои Помир” ба Феҳрасти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО табрик намуда, аҳамияти онро барои нигоҳ доштани захираҳои нодири табиат, баъзе ҳайвонот ва набототи маҳвшаванда, минтақаҳои муҳитзистӣ, пайкараҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таъкид кард. Ҷонибҳо инчунин масъалаи тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илм ва маориф муҳокима намуданд. Зимни сафари худ дабири кулли ЮНЕСКО аз вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ва обанбори Норак дидан намуда, дар маросими ифтитоҳи гӯшаи ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллӣ иштирок мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






