Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири энергетикаи Кувайт
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кувайт мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо вазири энергетика ва оби ин кишвар Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим доир гардид. Зимни мулоқот даъватнома барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба вазири энергетика ва оби Давлати Кувайт супорида шуд. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби кувайтӣ оид ба масъалаҳо ва мақсади конфронси мазкур, иштирокчиён ва ҳайатҳое, ки дар кори он иштирок мекунанд, муфассал маълумот дод. Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим бо изҳори боварӣ таъкид намуд, ки Давлати Кувайтро ҳайати сатҳи баланд дар ҷаласаи мазкур намояндагӣ хоҳад кард, ки дар конфронс иштироки фаъолона хоҳад дошт. Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетикаву об байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






