Ян Кубиш: Ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон бояд рушд ёбанд

Август 30, 2013 09:54

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш як силсила масоили вобаста ба амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Ян Кубиш гуфт: «Дар баробари баррасии масоили сиёсиву амниятӣ, инчунин мо самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Афғонистонро низ муҳокима намудем». Ба иловаи номбурда чун дар охири соли 2014 нерӯҳои посдори сулҳ аз марзи Афғонистон берун мешаванд, аз ин рӯ бояд ҳамкориҳои амниятии ду кишвар, ки бо ҳам сарҳади тӯлонӣ доранд, тавсеа ёбанд.  Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш ба сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баҳои баланд дода, густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои ду кишварро на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба фоидаи минтақа арзёбӣ кард.

Август 30, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш