Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокурорҳои генералии ИДМ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз, 26 сентябр, дар Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, аъзои Шӯро ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкории давлатҳои ИДМ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварии ифротталабон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, одамрабоӣ барои солҳои 2011 – 2013 ва муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012 – 2014 – ро таҳлил менамоянд. Ғайр аз ин дар ҷаласа амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалии давлатҳои аъзои ИДМ дар бахши мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои такмили ин кор тадбирҳо андешида мешаванд.Аъзои Шӯро ҷараёни иҷрои дурнамои кор барои солҳои 2011 – 2013 ва лоиҳаи дурнамои фаъолият барои солҳои 2014 – 2018, амалияи фаъолияти мақомоти прокуратура дар амри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон берун аз ҳудуди давлаташонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ барои мӯҳлати навбатӣ интихоб гардида, замону макони доир намудани ҷаласаи навбатӣ муайян карда мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






