Ҷамъомади тантанавӣ дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 7 сентябр.( АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори иди касбии китобдорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов, мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров сухан гуфта, ҳамаи кормандони китобхонаро бо ҷашни фархундаи Истиқлолияти миллӣ ва иди касбиашон табрик намуданд. Аз ҷумла, Маҳмадсаид Пиров зикр намуд, ки китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад ва ин қасри бузурги фарҳанг аз бунёдкориҳои даврони Истиқлолият ва сиёсати фарҳангофарии Ҳукумати Тоҷикистон равшан гувоҳӣ медиҳад. Аз рӯи анъана ҳар сол бахшида ба ҷашни Истиқлолият ба шахсони беҳтарин мукофотҳои давлатӣ супорида мешаванд ва Маҳмадсаид Пиров аз номи Президенти мамлакат ба муовини аввали Китобхонаи миллӣ Саидҷаъфар Сафаров медали Хизмати шоистаро супурд. Роҳбарияти китобхона кормандони беҳтаринро, ки саҳми арзандаи худро дар соҳаи китобдорӣ гузоштаанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






