Ҷавонон бар зидди хариду фурӯши одамон
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони иҷтимоӣ, бахусус ташкилоти байналмилалии меҳнат, бо ташаббуси гуруҳи байнисоҳавии корӣ оид ба пешгирии хариду фурӯши одамони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дастгирии комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, ҷиҳати татбиқи «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», дар шаш ноҳияи интихобӣ, аз қабили Данғара, Ҳамадонӣ, Шўрообод, Бохтар, Панҷ ва Ҳисор аз 16 то 22 сентябр суҳбату мулоқотҳо бо ҷавонон доир гашта истодаанд. Дар дораи мулоқотҳо мутахассисони масъулони вазорату идораҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, корҳои дорхилӣ, фарҳанг, телевизион ва радио, дин ва кор бо занон ва оила бо ҷавонони маҳалҳо суҳбатҳо баргузор карда, миёни ин табақа маводи иттилоотии фарогири мавзуъҳои мухталиф тақсим мекунанд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мақсад аз баргузории амалиёти маърифативу иттилоотӣ огоҳонидани шаҳрвандони ҷавон оид ба омилҳо ва сабабҳои пайдоиши хариду фурӯши одамон ва маърифатнок гардонидани онҳо дар роҳи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон мебошад.Дар назар аст, ки дар чорабиниҳо беш аз 3500 ҷавонон ва 16000 шаҳрвандони навоҳии интихобӣ оид ба масоили марбут ба хариду фурӯши одамон маълумотнок гардонида, фаъолият дар ин самт пурзӯр карда мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






