9 медали тиллои варзишгарони тоҷик

Сентябрь 24, 2013 16:25

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 16 то 21 сентябри соли равон дар вилояти Калугаи Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба зӯрозмоии универсалӣ доир гашт  Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чемпионат варзишгарон аз 35 кишвар ширкат доштанд. Аз ҷумла, 5 варзишгари тоҷик, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, зимни рақобат 9 медал, 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар робита ба ин дар бинои дастгоҳи марказии кумита ғолибони ҳамин чорабинӣ ва ғолибони мусобиқоти бозиҳои Авруосиёро Маликшо Неъматов, раиси кумита барои ғолибият табрик гуфта, ҳамзамон аз рушди варзишу дастгирии хукумату Сарвари давлат ёдовар шуд ва аз корнамоиву парчамафшониҳои варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор сухан гуфт.

Сентябрь 24, 2013 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш