«Амонатбонк»- бонки раисикунандаи СҲШ дар соли 2014
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар ҷаласаи 9-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкӣ дар доираи СҲШ , раисони бонкҳо-иштирокчиёни иттиҳоди мазкур протоколеро ба имзо расониданд, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун бонки раисикунандаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои солҳои 2013-2014 интихоб гардид. Ёдрас мешавем, ки рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 9-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкӣ дар доираи СҲШ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз рӯи барнома ва рӯзномаи ҷаласа, ки қаблан бо бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай мувофиқа шуда буд, иштирок карданд. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба фаъолияти солонаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳое, ки дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай мавқеъ доранд, рушди ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ дар соҳаи табодули таҷриба ва тайёр намудани кадрҳо, инчунин интихоби раиси навбатии Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2013-2014 ва дигар масъалаҳои фаъолият баррасӣ гардид. Ҳамчунин дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Шӯро «Низомнома дар бораи тартиби фаъолият намудани Гуруҳи кории Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба баррасии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва механизми кафолат ва суғуртаи инвеститсияҳо» ва «Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба «Низомнома дар бораи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳое, ки дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай мақом доранд ва мақоми бонки ҳамкори Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхайро доранд» ба имзо расид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






