«Аноҳито» — тарғибгари санъат

Сентябрь 13, 2013 09:58

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 1 сол дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон маҷаллаи фарҳангӣ ва ҷамъиятиву сиёсии «Аноҳито» нашр мешавад, ки он миёни аҳли фарҳанг, бахусус санъаткорон ва ҳаводорони он маъруфияти зиёд пайдо намудааст.Маҷаллаи «Аноҳито», ки дар ду моҳ як маротиба чоп мешавад, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн гашта, маводро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр менамояд. Ин маҷалла асосан маводи ҷолиби иттилоотию тадқиқотиро оид ба рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ, асарҳои драмавӣ ва матолиби ҳаҷвиро аз ҳаёти аҳли фарҳанг ба табъ мерасонад. Аз ҷумла, дар шумораи навбатии маҷаллаи «Аноҳито» маводи ҷолиб, аз қабили «Истиқлолияти давлатӣ-бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллат», «Санъат- воситаи тарбия», «Махзани фарҳангу ҳунар», «Ҳунарпешаи хирадманд» ва амсоли инҳо чоп шудаанд, ки дар онҳои рӯйдодҳои муҳими таърихиву сиёсӣ, ҷамъиятиву фарҳангӣ оварда шуда ва оид ба ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ маълумоти мухтасар дода шудааст. Раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов  муътакид бар он аст, ки дар маҷалла ба он асарҳои драманависони тоҷик авлавият дода мешавад, ки аз лиҳози шаклу мазмун нотакроранд ё дар хориҷи кишвар таҳия шудаанд. Дар баробари ин, маҷалла барои бо забонҳои русӣ ва англисӣ мунташир кардани асарҳои драмавӣ ва таҳлилӣ ҳавасманд аст.  

Сентябрь 13, 2013 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш