Ба истифода додани бинои иловагии таълимии ДДОТ дар Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд, ки дар он 500 нафар толибилм ба донишомузи фаро гирифта мешаванд.Бинои нави факултети табиӣ риёзӣ дорои 33 утоқу синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои физика, химия ва биология буда, дар он озмоишгоҳи муҷаҳаз бо техникаи муосир мавҷуд мебошад.Бинои иловаги таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон бо харҷи 5 миллиону 500 ҳазор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шудааст.Зимни шиносои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон донишҷуёнро ба аз худ кардани илмҳои замонавӣ ҳидоят карда, таъкид намуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.Дар шафати бинои асосии таълимии Донишкада сохтмони толори муҳташами варзишӣ бо суръат идома дорад, ки соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд. Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки барои омӯзгорон як бинои истиқоматӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бунёд намоянд.Устодону донишҷӯёни муассисаи олии таълимии минтақаи куҳистони кишвар барои дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи маорифи кишвар арзу сипосу минатдорӣ карданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






