Ба истифода додани Шўъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тавилдара
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави Шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти он расман оғоз бахшид. Бинои мазкур аз 2 ошёна ва таҳҳона иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сол то сол шароити моддию техникии шўъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтар гардида, амали кардани ин тадбир барои фаъолияти пурсамари кормандони соҳа мусоидат мекунад. Дар рафти корҳои сохтмонии иншоооти мазкур то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Бинои нав дар маҷмуъ дорои 30 утоқи корӣ ва 1 маҷлисгоҳ буда, бо тарҳи муосири санъати меъморӣ бунёд ёфтааст.Президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру ҳидоят дод, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандона ва бо масъулияти баланд, фаъолият намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






