Баистифодадиҳии иншоот дар арафаи соли нави таҳсил

Сентябрь 2, 2013 17:03

Файзобод, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар арафаи соли нави хониш дар деҳаи Очилдии ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод барои 320 нафар хонанда ба маблағи 958 ҳазор сомонӣ мактаби нав ба истифода дода шуд. Дар кушоиши мактаби мазкур муовини вазири маориф Фатҳиддин Исмоилов иштирок намуд. Инчунин бо дастгирии соҳибкор Ҷамшед Ғафуров майдони варзишии мактаби рақами 1 аз нав таъмиру барқарор гардид. Бо дастгирии раиси ноҳия ва буҷаи маҳаллии ноҳия инчунин бо маблағҳои шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Бӯстон ду синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Офтобрӯя ба истифода дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар назди мактаби рақами 17-и деҳаи Қошғари ҷамоати деҳоти Вашгирд ду синфхонаи иловагӣ ба тариқи ҳашар дар арафаи соли хониш сохта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод хабар доданд.

Сентябрь 2, 2013 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш