Баргузории «Ҳифз-2013» дар Суғд
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Машқҳои муштараки низомӣ таҳти унвони «Ҳифз-2013» дар машқгоҳи «Чоруқдарон»-и гарнизони ҳарбии Суғд аз 20 то 30 сентябр доир карда мешавад.Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар медиҳад, дар машқҳо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат, ки дар вилояти Суғд мустақаранд ва як дастаи тирандози Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзида истодаанд. Дар машқҳои муштараки зидди террористӣ беш аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб гардида, чархболҳои ҳарбӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, тӯпҳои навъи гуногун ва яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишони ҳарбӣ истифода мешаванд. Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ- ин тарҳрезии назару муносибати ягонаи ҷангӣ дар ташкили амалиёти муштараки зидди террористӣ дар шароити куҳистон, ҳамоҳанг намудану сайқал додани маҳорати касбии ҷузъу томҳо дар самти омодагӣ ва дар амал татбиқ намудани амалиёти зиддитеррористӣ, таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ ва бехатарӣ дар минтақа, табодули таҷрибаомузӣ дар таҳия, ташкил ва баргузории унсурҳои зиддитеррористӣ мебошад. Машқҳои муштарак таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтинант Рамил Нодиров ҷараён мегиранд. Ҷараён ва даври ниҳоии машқҳои муштаракро роҳбарон ва намояндагони низомии ду кишвар назорат менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






