Баррасии масоили ҷамъоварии имзоҳо дар КМИР
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 25 сентябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013 «Дар бораи муқаррар намудани тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бораи ба нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма пешниҳод намудани нусхаҳои протоколҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ гардид.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Додоев шунида шуд.
Дар ҷараёни баррасии ин масъала изҳор шуд, ки зимни маъракаи имзоҷамъоварӣ ҳолатҳои ба таври пурра риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби чӣ гуруҳҳои ташаббускор ва чӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ошкор гардидаанд.
Раиси КМИР Ш. Шоҳиён таъкид намуд, ки ҷараёни имзоҷамъоварӣ аз ҷониби аъзои КМИР, кормандони дастгоҳи Комиссияи марказӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ зери назорати қатъӣ қарор дода, кӯшишҳои вайрон кардани муқаррароти қонун ва қарори дахлдори КМИР-ро саривақт пешгирӣ намоянд.
Сипас мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар бораи ба инобат гирифтани гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013 № 39 «Дар бораи муқаррар намудани тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори дахлдор қабул кард.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома КМИР мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи ба нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма пешниҳод намудани нусхаҳои протоколҳои комиссияи участкавии интихобот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони субъектҳои ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарикунанда ва доираи васеи хабарнигорон иштирок намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






