БДА ҷасади ҷавони шахсияташ номаълумро ошкор карданист
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Шаби гузаштаи 1 -уми сентябр ҷавони тахминан 25-30-соларо ронандаи номаълум бо мошинаш зер карда, ба ҳалокат расонидааст.
Тавре ки дар ин бора аз БДА-и шаҳри Душанбе хабар доданд, шаби гузашта тахминан соатҳои 20:30 дақиқа мошини тамғааш номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ғаффоров аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Федин, дар рӯ ба рӯи мағозаи «Арзон» пиёдагард- марди тахминан 25-30- соларо зер карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст. Шахсияти ҷавони ҳалок гардида номаълум буда, кормандони БДА-и пойтахт барои маълум кардани шахсияти ҷавони ҳалокгашта чораҷӯӣ доранд.
Шахсоне, ки оид ба ин ҳодиса иттилоъ доранд, метавонанд бо ракамҳои 221 00 46, 221 00 16 ба қисми навбатдории БДА занг зананд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






