Боздиди ҳайати ҶМЧ аз АНМН
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш ҳайати Кумитаи давлатии мубориза бо маводи нашъаовари Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии Дабири кулли кумитаи мазкур Хан Сюйгуан аз Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор намуд.
Мувофиқи хабари Агентии маводи нашъаовар, дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ Рустам Назаров ба меҳмонон аз тамоюлҳои вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин перомуни саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар нақл кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили рушди механизми ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо маводи нашъаовар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, вусъати минбаъдаи ҳамкории сарҳадбонон дар амри мубориза бо ҷинояткорӣ, роҳҳои муайян шудани мавқеи ягона дар арсаи ҷаҳон аз рӯи масоили мубориза бо хавфи маводи нашъаоварро мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






