Бозиҳои сеюми варзишии ИҲИА

Сентябрь 25, 2013 09:07

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 то 21-уми сентябри соли равон бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё (ИҲИА) байни наврасону бонувон баргузор шуданд.  Варзишгарони навраси кишвар нимаи дуввуми санаи 21 сентябр бо натиҷаҳои баланди варзишӣ, аз ҷумла бо ба даст овардани 73 медал: 3 медали тилло, 17 медали нуқра ва 53 медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд. Ёдрас мешавем, ки дар чорабинии мазкур Тоҷикистонро дастаи варзишӣ дар ҳайати 123 нафар аз рўи 9 намуди варзишӣ, аз ҷумла бокс, гўштини тарзи озод, гўштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, таэквондо (WTF) ва қураши қазоқӣ муаррифӣ карданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Сентябрь 25, 2013 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш