Чинор Рустамова: «Ҳамеша ҷонибдори мақеъ ва манфиати Тоҷикистон ҳастам»
Душабе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Аснои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон Чинор Рустамова, ки бино ба сабаби анҷоми рисолати дипломати туркман баргузор шуд, диораи васеи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг ва савдо мавриди муҳокима қарор гирифт. Чинор Рустамова гуфт: «Зимни ин мулоқот мо бо Президенти Тоҷикистон бар он назар будем, ки ҷараёни ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон, ки сол ба сол рушду густариш меёбанд, бояд аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ расонида шавад»Дипломати туркман бо ёдоварӣ аз урфу одат ва анъанаҳои таърихӣ ва муштараки Тоҷикистону Туркманистон иброз намуд, ки имзои созишномаи сеҷониба ҷиҳати бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон дар таърихи ҳамкориҳои мо саҳфаи наверо боз намуд ва ин лоиҳа аллакай бомаром татбиқ шуда истодааст».Дар охири изҳороташ бо намояндагони васоити ахбори омма Чинор Рустамова гуфт: «Ҳарчанд рисолати дипломатии ман дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад, аммо ман дар ҳар ҷое, дар ҳар вазифае ки ҳастам, ҳамеша аз манфиат ва мавқеи Тоҷикистон, ки бароям хеле азиз аст, пуштибонӣ хоҳам кард».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






