Чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар масъалаҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 25 сентябри соли 2013 дар Ню Йорк чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар масъалаҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (High-level event on Millenium Development Goals), ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ширкат кард, баргузор гардид. Оқил Оқилов дар суханронии худ оид ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола тамаркуз намуда, изҳор дошт, ки дар айни ҳол Тоҷикистон ҷиҳати фароҳамсозии фазои мусоид барои сармоягузорӣ, татбиқи мутавозини сиёсати буҷетӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Қайд гардид, ки яке аз санадҳои муҳим дар татбиқи ин ҳадафҳо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015» мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






