Дар Бозиҳои АвруОсиё Тоҷикистон мақоми сеюмро касб кардааст
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Ҳайати дастаи варзишии кишвар дар Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё байни писарон ва духтарон, ки дар шаҳри Алмаато ҷараён дорад, бо гирифтани 44 медал баъди варзишгарони Русия, Қазоқистон, Беларус мақоми сеюмро касб кардаанд.Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқа аз рӯи 9 намуди варзиш иштирок доранд, 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 33 медали биринҷии бозиҳоро соҳиб гаштаанд.Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё байни писарон ва духтарон аз 14-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошта, то 21-уми сентябри соли равон идома хоҳанд кард. Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 123 варзишгар дар риштаҳои гуногуни варзишӣ муаррифӣ мекунад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






