Дастури Қоҳир Расулзода ба роҳбарони навоҳии пахтакор
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як силсила ташкилоту идораҳои вилоятӣ ҷаласаи корӣ доир гашт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят дар ин ҷаласа Қоҳир Расулзода аз натиҷаҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ёдовар гардида, таъкид дошт, ки он дар сатҳи баланди омодагӣ, сарҷамъӣ ва болидаруҳии сокинони вилояти Суғд баргузор гардид. Раиси вилоят роҳбарони сохторҳои соҳавии вилоятиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди корбарӣ нигоҳ доштани иншооти дар ҷараёни ин сафар мавриди истифода қароргирифта, аз ҷумла Кӯдакистони Президентӣ, мактабу беморхонаҳо, маҷмааи истироҳатӣ ва варзишгоҳи нав дар шаҳру ноҳияҳои Ашту Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Чкалов ва Хуҷанд тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин дар ҷаласаи корӣ ҷараёни корҳои кишоварзӣ, махсусан ҷамъоварии беталафи ҳосили имсолаи пахта мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аҳмадҷон Қобилов, муовини раиси вилоят дар гузориши хеш зикр намуд, ки то имрӯз кишоварзон ба корхонаҳои коркард нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 ҳазор тонна кам пахта супоридаанд. Тибқи ин гузориш то имрӯз дар миқёси вилоят 40 хоҷагии деҳқонӣ нақшаи барномавии имсоларо дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Зафаробод, Спитамен, Ашт ва Ҷ. Расулов амалӣ намудаанд. Қоҳир Расулзода зимни баррасиии ин масъала дастур дод, ки ноҳияҳои пахтакори вилоят бо истифода аз қувваҳои дохилӣ, бахусус саҳмдорон суръати чиниши ҳосилро вусъат бахшида, барои таъмини иҷрои нақшаи барномавӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






