Дуюмин фестивали автомобилҳои қадима
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- 21 сентябри соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ доир мегардад. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе-Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонид. Қарори раиси шаҳр бо инобати муроҷиати роҳбари гуруҳи ташаббусии дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро- автомобилҳои шаҳри Душанбе Артём Гейвандов ва бо назардошти мактуби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст.
Дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ дар майдончаи назди роҳи ҳалқавии бурриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз соати 9:00 то 12:00-и 21 сентябр ташкил карда мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






