Дуздон дастгир шуданд
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).-Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 13 сентябри соли 2013 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҳмонзода Шаҳобиддин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда рӯзи 1 августи соли равон пинҳонӣ дар дохили боғи «Дустӣ» аз кисаи шаҳрванд Турсунова Моҳира Отақуловна, сокини шаҳри Душанбе як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Гелекси-110»-ро, ки арзишаш 1200 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода шаҳрванд Эргашева Маъмура, сокини деҳаи Хайрободи шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки санаи 31 августи соли 2013, шахси номаълум пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз дохили сандуқи оҳанин ҷавоҳироти тиллоӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Айфон»-ро, ки арзиши умумиашон 14500 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Обид Хуррамов, Шерзод Абдумаҷидов ва Раҳимҷон Назарқулов, сокинони шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир шуданд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






