Фарҳанги шаҳрнишинӣ баланд бардошта мешавад?

Сентябрь 3, 2013 10:45

  Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Минбаъд  моҳе як маротиба дар ҷаласаи фаъолони пойтахт гузоришҳои раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ дар мавриди амалӣ гардонидани барномаҳои шаҳрдорӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинони Душанбе , ободонию беҳдошти муҳити зист, вазъи шаҳраку маҳалла ва бинодорӣ шунида мешавад. 
      Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ  аз масъулини прокуратураи шаҳр даъват намуд, ки ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми  пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки мутобиқ ба он дар пойтахт парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Сентябрь 3, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш