Хатти оби нӯшокӣ барои 7 ҳазор аҳолӣ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» , Зарангези Латиф).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан нахуст дар маросими ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ барои 7 ҳазор аҳолии деҳаҳои Боғикалон ва Сахсиёни ҷамоати Гули Сурх иштирок намуд. Қоҳир Расулзода ҳангоми мулоқот бо сокинони маҳал онҳоро ба муносибати фарорасии иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи истаравшаниён изҳори хушнудӣ кард.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои аз маркази ҷамоат то деҳаҳои Боғикалон ва Сахсиён дар масофаи 2,5 километр баровардани оби нӯшокӣ 350 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Аз ин миқдор, дар заминаи муроҷиати сокинони ҷамоати мазкур, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ доштанд, 200 ҳазор сомонӣ аз буҷаи вилоятӣ ҷудо гардид. Иқдоми таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷониби соҳибкорон низ хуш пазируфта шуда, сокинон ҳам ба тариқи ҳашар дар ин кори хайр саҳм гузоштаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






