Хобгоҳи замонавӣ-туҳфа ба донишҷӯён

Сентябрь 2, 2013 13:36

Суғд, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар арафаи соли нави таҳсил ва  Рӯзи дониш, ки ба арафаи таҷлили 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, бо иқдоми наҷиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва ректори ДДХ ба номи Бобочон Ғафуров дотсент Ғафурҷон Усмонов   хобгоҳи  замонавӣ  барои духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд ва дорои тамоми шароитҳои зарурист, ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  дар маросими ба истифода додани бинои хобгоҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳро бо соли нави таҳсил ва 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда, таъкид кард, ки ин бино бо дастуру супориши Президети кишвар ҷиҳати фароҳам овардани  шароити зисту таҳсили муҳассилин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати донишгоҳ  таъмиру навсозӣ шудааст.
Ректори донишгоҳ  Ғафурҷон Усмонов   миннатдории худ ва аҳли ҷомеаи донишгоҳро  ба  раиси вилояти Суғд иброз дошта, гуфт, ки минбаъд вазъи зиндагию таҳсили донишҷӯёни хобгоҳ  санҷида  шуда, барои баланд бардоштани  ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба урфу одатҳои миллӣ,  гиромидошти бузургони  миллат, пайдо  намудани зиракии сиёсӣ  мунтазам  ҷиҳати гузаронидани суҳбату мулоқотҳо бо иштироки ходимони давлатӣ, шоирону нависандагон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои  зарурӣ  андешида мешаванд.    

Сентябрь 2, 2013 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш