«Хуҷаи Нур» мактаб месозад

Сентябрь 4, 2013 09:54

Муъминобод, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати деҳоти Боғигайи ноҳияи Муъминобод аз ҷониби ҶДММ «Хуҷаи Нур», ки роҳбарии онро Авазхон Назриев ба уҳда дорад, сохтмони мактаб барои 200 хонанда босуръат ҷараён дошта, корҳои сохтмонӣ дар бино ба 80% расидаанд. Ба гуфти Назриев маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 1 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил дода, мактаб мувофиқи лоиҳа аз 8 синфхона, утоқи омӯзгорон, утоқи кори директор ва дигар утоқҳои методӣ иборат мешавад.   Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ беш аз 15 нафар сохтмончиён фаъолият дошта, то ин муддат дар корҳои сохтмонии бино маблағи 980 000 сомонӣ аз худ шудааст. Инчунин аз тарафи ЧДММ «Хуҷаи Нур» дар деҳаи Шулулуи ҷамоати деҳоти Балхобӣ бунёди 4 синфхонаи иловагӣ барои 80 хонанда оғоз гардидааст.

Сентябрь 4, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш