Ифтитоҳи мактаби нав дар Истаравшан
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар арафаи Рӯзи дониш бинои иловагии мактаби № 30 – и деҳаи Тӯдаи ноҳияи Истаравшан мавриди истифода қарор дода шуд. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд пас аз буридани лентаи рамзӣ аз бинои нав дидан карда, изҳор дошт, ки дар вилоят барои сохтмони мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бинои асосии мактаб соли 1932 бунёд шуда, қисми дигари он соли 1982 ба тариқи ҳашар сохта шуда буд ва мактаб бо фарогирии беш аз 640 нафар мактаббача дар се баст фаъолият дошт. Ҳамакнун бинои иловагии мактаб, ки аз 8 синфхона иборат мебошад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо харҷи 1 миллиону 656 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Фаромоишгари иншоот идораи сохтмонии асосии вилоят буда, пудратчии он ҶДММ “Бунёдкор” мебошад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан сохтмони мактабҳо идома дошта, дар айни замон сохтмони биноҳои нави мактаби № 11, инчунин дар деҳаи Оби Ҷумак, ҷамоати деҳоти Зарҳалол, бинои иловагии мактаби № 15, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби № 23 идома доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






