Имзои Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо президенти Палатаи савдою саноат, маъдан ва кишоварзии музофоти Албурзи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Тусӣ баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмон зимни суханрониаш дар бораи иқтисодиёти музофот, имкониятҳои ҳамкорӣ, фаъолияти палата ва мақсадҳои сафари ҳайати Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард.Асаналӣ Карамалиев дар навбати худ ба меҳмон аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ нақл карда, ба масоили ҳамкории палатаҳои ҳар ду кишвар дахл намуда, таваҷҷӯҳи меҳмонро ба ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо ва сафари ҳайатҳои аҳли тиҷорат ба кишварҳои якдигар ҷалб намуд. Дар хотимаи мулоқот Ёддошт дар бораи ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноат, маъдан ва кишоварзии музофоти Албурз имзо гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






