Интихоби раиси Ҳисор ба вакилии Маҷлиси миллӣ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 14 сентябри соли 2013 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.Тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз муҳлат катъ гардидани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати онҳо интихоботи нав гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, бо қарори КМИР интихоботи миёнадаврии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда ба рӯзи 14 сентябри 2013 таъин гардида буд.Дар чорабинии мазкур 318 нафар вакилон аз маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.Бояд хотиррасон намуд, ки бо қарори маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав аз 3 августи соли 2013 ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ номзадии раиси ноҳияи Ҳисор Сабзов Усмон Раҳмонович пешбарӣ гардида буд.Пас аз овоздиҳӣ ва ҳисоб намудани бюллетенҳои интихобот аз тарафи комиссияи ҳавзавӣ муайян карда шуд, ки аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 Сабзов Усмон Раҳмонович, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), бо гирифтани аз нисф зиёди овозҳои вакилони интихобкунанда аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






