Иштироки Ҳ.Зарифӣ дар ҷаласаи ШВКХ СААД
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 23 сентябр дар шаҳри Сочи дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуд. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, иштирокдорони ҷаласаи муштарак лоиҳаҳои Баёнияи иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои аъзои Созмон «Дар бораи дастгирии мутақобилаи номзадҳои давлатҳои аъзои СААД дар мақомоти интихобии СММ» ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба такмили ҳамкории ҳарбӣ ва таҳкими қисми таркибии ҳарбии СААД, дар бораи расонидани ёрӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистон Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Иштирокдорони мулоқот масоили самтҳои асосии фаъолият дар давраи раёсати Федератсияи Русия дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва бархе масалаҳои дигари ташкилиро низ баррасӣ намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






