Истихроҷи ангишт афзуд
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу замистон, бахусус оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014», дар доираи корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаю чорабиниҳо тартиб дода, дар ин самт мунтазам тадбирҳо меандешад.Тавре аз нишондиҳандаҳои 8-моҳи соли ҷорӣ бармеояд аз тарафи корхонаҳои соҳа дар ин давра ангишт ба миқдори 267,8 ҳаз. тн. ангишт истихроҷ карда шуд, ки ин аз нақша 148,8 ҳаз. тн. ё 225 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 51,4 ҳаз. тн. зиёд буда, суръати афзоиш 124 фоиз таъмин гардид. Аз ангишти истихроҷгардида ба миқдори 221,9 ҳаз. тоннааш ба фурўш бароварда шудааст.Мутаассифона, аз тарафи аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,3 ҳаз. тн. ё 40,7 фоиз кам ангиштро харидорӣ карда шудааст. Воридоти ангишт ҳам аз аввали сол то 31 -юми июли соли ҷорӣ 3,9 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 3,5 ҳаз. тн. кам ё 52,6 % мебошад.Ба иттилои Вазорат захираи умумии ангишт то санаи 1.09.2013 дар анбор ва нуқтаҳои фурўш бо назардошти бақияи соли сипаригардида зиёда аз 81 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад.Мавриди зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 162 корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ мондаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






