Корҳои сохтмонӣ дар «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Корҳои сохтмонӣ дар майдончаи сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» идома доранд. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, дар иншооти мазкур зиёда аз 1400 нафар коргарону мутахассисон фаъолият дошта, дар назар аст, ки ҳафтаи оянда шумораи онҳо ба 1500 нафар расонида шавад. Теъдоди техникаҳои барои сохтмони ин иншоот ҷалбшуда зиёда аз 160 ададро ташкил медиҳад. То имрӯз дар сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» 42000 метри мукааб бетон истифода шудааст. Ҳоло сохтмони дегхонаи № 1 ва лӯлаи дудбарор пурра ба итмом расида, сохтмони иншооти обсардкунӣ бо баландии 87 метр расонида шудааст. Аз оғози сохтмон то имрӯз дар майдончаи сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта бо иштироки роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат ҷаласаи ситод доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» тибқи Созишномаи байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ»дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» бо усули «захиравӣ» бунёд мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






