Куштор дар кони ангишти “Назар-Айлоқ”

Сентябрь 3, 2013 10:06

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон тахминан соати 00:30 дақиқа шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт Нуриддин Темиров, соли таваллудаш 1958,  сокини шаҳри Душанбе даромада, бо таппончаи  оташфишони тамғаи “Макаров” ӯро парронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.  Дар натиҷа Темиров Нуриддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расид.
 
Дар айни замон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои фаврии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт гуруҳи фаврию ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, тафтишоти ин ҷиноят идома дорад.
 
 
 

Сентябрь 3, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш