Маросими қасамёдкунии 250 нафар афсарони ҷавон
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Маросими тантанавии қасамёдкунии ҳайати қаторӣ ва афсарони ҷузъу томҳои ВКД ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дирӯз дар Душанбе баргузор гардид.Дар маросими бошукуҳ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, роҳбарияти раёсатҳо, собиқадорон, ҳайати шахсии ВКД, падару модарон ва наздикони шунавандаҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.Нахуст роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомот дар назди Маҷмааи ёдгорӣ ба хотири қурбониёни роҳи озодӣ ва онҳое, ки дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷони худро қурбон намудаанд, гулчанбар гузоштанд. Рамазон Раҳимов ба қасамёдкунандагон садоқату матонат ва дар хизмати душвору пуршарафашон барору комёбиҳо таманно намуда, ба падару модарон ва наздикони кормандони ҷавони милитсия ҳамсуҳбат шуда, хитоб намуд, ки «Корманди Вазорати корҳои дохилӣ будан шараф аст! Танҳо аз Шумо хоҳиш менамоем, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намоед ва аз ҳолу аҳволи фарзандонатон бохабар шавед ва онҳоро беназорат нагузоред, зеро ин мақомотест, ки дар он тартибу низом ва одобу ахлоқ дар ҷойи аввал меистад». Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки «Мо итминони комил дорем, ки ин хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба савганди худ содиқ монда, ба халқу Ватани азизи худ софдилона хизмат хоҳанд кард».Сипас курсантони ҷавон бо гузашти тантанавӣ ва бо як маҳорату малака ва чолокии хосса дар зери мусиқии мутантани оркестр ба иҷрои машқи идона пардохта, хотири ҳозиринро шод гардониданд. Мавриди зикр аст, ки дар маросим 250 нафар афсарони ҷавон, ки аз ин 122 нафарашонро шунавандагони Академияи ВКД, аз ҷумла, 20 нафар духтарон ташкил медоданд, ботантана қасам ёд карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






