Машварати роҳбарони ВАО дар Урумчи
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҳошияи Ярмаркаи байналмилалии ЭКСПО «Чин — АвруОсиё – 2013» дар маркази маъмурии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ шаҳри Урумчи машварати роҳбарони васоити ахбори оммаи Чин, кишварҳои Осиё ва Аврупо баргузор гардид.Дар машварат роҳбарони вазорату муассисаҳои умури васоити ахбори оммаи Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Афғонистон иштирок намуда, дар мавзӯи «Таҳкими равобиту ҳамкорӣ дар бахши иттилоот, мадад ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъмини амнияти минтақа» мубодилаи афкор намуданд.Дар машварат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ Сайдалӣ Сиддиқов ширкат дошт.Сайдалӣ Сиддиқов зимни суханрониаш зикр намуд, ки дӯстию ҳамкории халқҳои Тоҷикистон ба Чин таърихи бисёрасра дошта, алҳол ҳар ду кишвар равобити дуҷонибаро таҳким бахшида, ба он шаклҳои нав ворид месозанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






