Мулоқоти Исматулло Насриддинов бо Михаэл Линҳарт

Сентябрь 13, 2013 09:57

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 11 сентябри соли 2013 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Исматулло Насриддинов бо Дабири кулли навтаъйини Вазорати федералӣ оид ба корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия сафир Михаэл Линҳарт барпо гардид.  Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Австрия табодули назар карданд. Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки муносибатҳо бо Австрия барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, кишвари мо барои рушди ояндаи онҳо манфиатдор аст. Дар навбати худ M.Линҳарт низ ҳавасмандии устувори кишварашро барои густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба баён кард. Зимни мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сентябрь 13, 2013 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш