Мулоқоти Шариф Саид бо Шея Гоантай

Сентябрь 2, 2013 11:32

Душанбе,  2  сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – Рӯзи  ҷумъаи  гузашта раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шариф  Саид  бо директори генералии  Раёсати  бахши  тиҷорати  Ҳукумати   мардумии  ноҳияи мухтори Синҷону  Уйғури  Ҷумҳурии   Мардумии  Чин  Шея  Гуантай   мулоқот  анҷом  дод. 
 
Дар  ин  бора   аз  маркази   матбуоти Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар» хабар доданд.
 
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  дар  ҷараёни  мулоқот  муносибатҳои  дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодӣ  ва масоили  ташкилӣ  дар  мавриди  дар  шаҳри  Душанбе  доир  намудани   намоишгоҳи «Амволи  содиротии   ноҳияи  мухтори  Синҷони  Уйғури  ҶМЧ»  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Дар  натиҷаи  гуфтушунид  тасмим  гирифта шуд, ки  намоишгоҳи  мазкур  аз  27 то  30  сентябри  соли  2013  доир  гардад. 
 
Зимни  гуфтушунид  зикр  шуд, ки   намоишгоҳ  ба  рушди  ҳамкорӣ  ва  истифодаи  судманди   имконоти  ҳар  ду  кишвар  мусоидат  хоҳад  кард.

Сентябрь 2, 2013 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш