Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар Муъминобод

Сентябрь 2, 2013 10:31

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Рӯзҳои 7-8 сентябри соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба  22- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва инчунин ба хотираи Мирзоватан Ҳасаналиев дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон  мусобиқаи  ҷумҳуриявии гӯштини   миллӣ доир мегардад.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони аз 18- сола боло иштирок менамоянд. 
Гуфта мешавад, ки варзишгарон аз шаҳри Душанбе,  ВМКБ, вилояти Хатлон, Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ, ноҳияи Муъминобод дар вазнҳои  55,60, 65, 70, 75, 80, 86, 95 ва аз 95 кг боло  барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ рақобат менамоянд.
Ғолибони чорабинӣ бо диплому медали кумита ва туҳфаҳои хотиравии ҳукумати ноҳия қадрдонӣ хоҳанд шуд. 

Сентябрь 2, 2013 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш